Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳровар аз идомаи хидмати ҳарбӣ озод шуд


Меҳровар Мақсудов
Меҳровар Мақсудов

Як сарбози Вазорати дифоъ, ки қаблан барои ташхис дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ бистарӣ шуда, баъдан ба шифохонаи низомӣ интиқол ёфта буд, аз идомаи хидмати ҳарбӣ озод шудааст.

Меҳровар Мақсудов, сарбози қисми ҳарбии 02011-и қӯшунҳои зудамали Вазорати дифои Тоҷикистон, ба иллати беморӣ аз идомаи хидмати ҳарбӣ озод шудааст ва рӯзи 12 апрел наздиконаш ӯро аз бемористони ҳарбӣ ба хонаашон бурдаанд. Мунира Асоева, модари Меҳровар, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, писараш ҳанӯз аз дарди сар шикоят мекунад ва онҳо қасд доранд, ки ба зудӣ ӯро дар яке аз бемористонҳои пойтахт ташхис карда, баъдан бо табобат фаро бигиранд.

Ин сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон дар охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ барои ташхиси вазъи равонияш ба бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ оварда шуд.

Бар хилофи хонаводааш, ки гуфтанд, Меҳровар дар пайи латту кӯби ҳамхидматонаш сахт осеб дидааст, Вазорати дифои Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ гуфта буд, ин сарбози тоҷик "сурхакон" шудааст ва бояд табобат бигирад.

Баъд аз дахолати Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент, ба ин қазия мақомоти вазорати дифоъ гуфтанд, ки Меҳровар Мақсудов рӯзи 7 апрел аз бемористони касалиҳои рӯҳӣ ба шифохонаи ҳарбии воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахат оварда шудааст. Ҷамшед Мақсудов, корманди дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон, ба Озодӣ гуфта буд, ки табибон дар Меҳровар нишонаҳои бемории равониро мушоҳида накардаанд.

Мунира Асоева мегӯяд, бо ин ҳол онҳо талош хоҳанд кард, то омилони латту кӯби фарзандаш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Карим Салимзода, муфаттиши Додситонии низомӣ, низ ба Озодӣ гуфт, ҳамаи маълумоту санадҳо ва баёнотҳо дар ҳоли санҷиш қарор доранд.

Хонаводаи Меҳровар Мақсудов барои расидагӣ ба қазияи ӯ, қаблан аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ёрӣ хоста буданд. Пайвандони ин сарбоз, рӯзи 26 март, ки ҳудудан 20 нафар буданд, ба раисиҷумҳури кишвар бо ариза муроҷиат намуда, хостори таҳқиқи мунсифонаи қазияи латту кӯби Меҳровар шудаанд.

Дар ду соли охир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон сабт шуда, волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Агарчӣ мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда, муҷримонро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс карданд ва сӯҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, аммо фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи меҳтарсолорӣ ё "дедовшина"-ро кори сахт медонанд.

XS
SM
MD
LG