Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаи Осимӣ ба Рамазон Раҳимзода


Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, барои таҳқиқоти илмияш дар мавзӯи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимии Академияи илмҳоро дарёфт кард. Ин ҷоиза ба Раҳимзода 12 апрел, дар Рӯзи илм, супурда шуд.

Инчунин, дар ин рӯз вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба узвияти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастҷамъӣ пазируфта шуд.

Рамазон Раҳимзода дар суханронии худ дар Академияи илмҳо гуфт, замоне ба таҳқиқи мавзӯи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шурӯъ карда буд, ки дар кишвар ҳанӯз даргириҳо идома доштанд ва барои ошкор кардани ҷиноятҳо маводи таълимии камтар вуҷуд дошт. Ӯ афзуд, талош кардааст, ки маводи дарсӣ ва китобҳо дар ин бахс пешниход шуда, қонунҳо низ ислоҳ шаванд.

“Рӯзе нест, ки як ҷинояткор, як террористу экстремист дастгир нашавад. Барои ҳамаи ин корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ кумак мекунад,” – хулоса кард вазири корҳои дохилӣ.

XS
SM
MD
LG