Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Маскав ҳайкали Жириновскийро гузоштаанд


Владимир Жириновский

Владимир Жириновский

Дар кӯчаи Басманнаяи 1-уми шаҳри Маскав маросими пардабардорӣ аз ҳайкали раиси Ҳизби либерал-демократии Русия (ЛДПР) Владимир Жириновский баргузор шуд. Ҳайкали 3-метрии биринҷиро ҳайкалтарош Зураб Серетелӣ сохтааст.

Хабар дода мешавад, ки маросими пардабардорӣ зери оҳанги "Боже, царя храни!" ("Худоё, шоҳро нигаҳ дор!") баргузор шудааст.

Жириновский гуфтааст, гузоштани ҳайкал ба фаъолияти сиёсиаш рабт дорад. "Ин рӯз бо чӣ хусусияташ дар хотири одам нақш мебандад? Бидуни хоксории дурӯғин мегӯям, ки - бо ҳамин маросимаш", - афзудааст Жириновский.

XS
SM
MD
LG