Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази исломии муҳоҷирони узбак дар Стокголм


Бинои нави сетабақа дар пойтахти Шветсия, ки арзишаш 500 ҳазор доллар аст, дар масоҳати 2 ҳазор метри муррабаъ воқеъ мешавад. Дар Маркази фарҳангии исломӣ ба ҷуз аз масҷид ҳамчунин маркази омӯзишӣ, боғчаи бачагона, маҷлисгоҳ ва толори варзишу мағозаҳо ҷойгир мешаванд.

Дастандаркорони оғози ин сохтмон мегӯянд, ки дар Стокголм камбуди масҷид барои мусалмонҳо эҳсос мешавад. Музокирот барои гирифтани иҷозатномаи ин сохтмон 6 сол тӯл кашидааст ва интизор меравад маросими оғози корҳо 25 апрел баргузор шуда, сохтмон ду сол идома меёбад.

Зодаи Узбакистон Абдулҳамид Раимов, ки ҳоло дар Шветсия зиндагӣ мекунад, гуфт, ки сармоягузории ин сохтмон аз ҳисоби хайрияи мусалмонҳо анҷом дода мешавад.

Бояд зикр кард, дар Шветсия, ки аҳолиаш қариб 10 миллион нафар аст, феълан тақрибан 600 ҳазор мусалмон зиндагӣ мекунанд.

Ба иттилои Раёсати омори Шветсия, аз ин ҳисоб муҳоҷирони мусалмон қариб 3,5 ҳазорашон ӯзбекҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG