Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Темир Сариев-нахуствазири Қирғизистон эълон кард, ки аз мақомаш истеъфо медиҳад. Вай дар ин бора дар ҷаласаи ҳукумат 11 апрел изҳорот дод.

Ин дар ҳолест, ки пештар чанд нафар аз намояндагони порламони Қирғизистон кобинаи вазиронро барои ришвахорӣ муттаҳам карданд.

Вай гуфт: “Баҳсҳову сару садоҳо ва ҳарфҳои пуч суботу тавозунро дар дохили ҳукумат аз байн бурдааст. Фаъолияти ҳукумат дар чунин марҳилаи ҳассос ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст”.

Вале Темир Сариев гуфт, ки бо вуҷуди истеъфо вай барои доғдор накардани номи худ то охир мубориза хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG