Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев ва Рӯҳонӣ дар Теҳрон мулоқот карданд


11 апрел Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон дар Теҳрон бо Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон таҳкими робитаҳои тиҷоративу соҳибкориро баррасӣ карданд.

Назарбоев дар оғози силсилабоздидҳояш аз Туркияву Узбакистон вориди Теҳрон шуд. Дар чаҳорчӯбаи ин боздид ширкатҳои эрониву қазоқӣ ба арзиши як миллиард доллар қарордодҳои ҳамкорӣ имзо карданд.

Соли 2015 доду гирифти молу коло миёни Эрону Қазоқистон 635 миллион долларро ташкил дод.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Қазоқистон гуфт, ки Назарбоев рӯзҳои 13-14 апрел аз Туркия боздид ва бо Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия дидору гуфтугӯ мекунад. Вай ҳамчунин дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ширкат меҷӯяд.

Сипас раҳбари Қазоқистон ба Узбакистон меравад ва дар он ҷо бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури он кишвар мулоқот мекунад.

XS
SM
MD
LG