Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як корманди фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд


Кормандони Хадамоти гумрукии Фурудгоҳи байналмиллии Душанбе як корманди ин фурудгоҳро, ки аз вай ба хотири тафтишот “ Қ. Р.Қ.” нома бурда мешавад, барои мусоидат ба як соҳибкор ҷиҳати ба Туркия интиқол додани ороишот ва сиккаҳои таърихӣ боздошт намудаанд.

Дафтари матбуоти хадамоти гумруки Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар 11 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони Хадамоти гумруки "Майдони ҳавоӣ" аз як соҳибкор бо номи “А.Р” 11 адад сиккаҳои дорои осори таърихӣ ва арзиши фарҳангӣ, 44 адад ангуштарӣ, 21 адад гарданбанд, 8 адад дастмонаҳои таърихӣ, 3 адад зеби гардан (кулон) ва шикастапораҳои маснуоти заргариро ошкор ва мусодира кардаанд.

Ин соҳибкори тоҷик бо кумаки корманди Фурудгоҳи байналмилалӣ қасд дошт ин ҳама ороишоти гаронбаҳои таърихиро барои фурӯш ба Туркия интиқол диҳад.

Ҳамакнун нисбати корманди фурудгоҳи шаҳри Душанбе Қ. Р.Қ. парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG