Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳисобдори Гулнора Каримова 18 сол зиндонӣ шуд


Нурмуҳаммад Содиқов, ки бо лақаби “Нурик” шӯҳрат дорад ва дар вазифаи баланде дар яке аз ширкатҳои духтари президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова кор мекард, 18 сол зиндонӣ шуд.

Дар ин бора раҳбари Иттиҳодияи “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” Надежда Атаева хабар дод. Тибқи иттилои бархе аз манбаъҳо, Нурмуҳаммад Содиқов солҳои тӯлонӣ муҳосиби шахсии духтари калонии президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова буд.

Се сол пеш Содиқов дар фурудгоҳи Тошканд баъд аз бозгашт аз Аморати Муттаҳидаи Арабӣ боздошт ва дар сохтакориҳои молӣ айбдор шуд.

Ёдовар мешавем, ду сол пеш ниҳодҳои тафтишотии Ӯзбекистон бархе аз одамони наздики Гулнора Каримоваро бо айби ҳамдастӣ дар фасодкории марбут ба гирифтани ришваи бузурги духтари президент аз ширкатҳои мухобиротӣ боздошт карданд. Ин парвандаро ниҳодҳои тафтишотии ИМА ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ анҷом медиҳанд. Дар миёни боздоштшудаҳо шавҳари ғайрирасмии Гулнора Рустам Мадумаров низ ҳаст. Ҳамчунин ёвари шахсии духтари президенти Ӯзбекистон Гаяне Авакян боздошт шуда буд.

Дар моҳи майи соли 2014 Мадумаров ва Авакян дар одамрабоӣ айбдор дониста шуда, бо қарори Додгоҳи низомии Ӯзбекистон мутаносибан ба 9 ва 6 сол зиндонӣ шуданд.

​Шахси рабудашуда Нурмуҳаммад Содиқов буд. Ба гуфтаи Надежда Атаева, ҳамаи амалҳои тафтишотӣ ва муҳокимаи додгоҳии нафарони наздик ба Гулнора Каримова, аз ҷумла суди Содиқов, паси дарҳои пӯшида анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG