Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Белгия гуфт, Муҳаммад Абринӣ, ки чанде пеш боздошт гардид, ба ҳамдастӣ дар омодасозии ҳамлаҳои Порис ва Брюссел иқрор шуд.

Додситонии Белгия мегӯяд, боздоштшуда иқрор кард, ки ният дошт, то дар Порис террори нав анҷом диҳад, аммо "раванди бо суръати таҳқиқ" ӯро ба Брюссел бурд ва рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва метро дар натиҷаи таркишҳо 32 сокини осоишта кушта шуд.

Тафтишот бар ин назар аст, ки Абринии 31-сола ду рӯз пеш аз ҳамлаҳои Порис дар дурбини яке аз нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ ҳамроҳи Салоҳ Абдусалом, гумонбари дигари ин ҳамлаҳо сабт шудааст. Баъдан Абдусалом моҳи марти соли ҷорӣ дар Брюссел боздошт шуд.

Рӯзи шанбе Абринӣ иқрор кард, ки вай фарди кулоҳдори дар фурудгоҳи Брюссел сабтшудааст. Силсилаи таркишҳо ва ҳамлаҳо дар Порис моҳи ноябри соли гузашта 130 кушта ва бештар аз 300 захмӣ ба ҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG