Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ аз Ҳирошимо боздиди таърихӣ анҷом дод


Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Ҳирошимо боздиди таърихӣ анҷом дод. Дар Ҷопон ин шаҳрест, ки бори аввал дар ҷаҳон ба он бами ҳастаӣ партофта шуд.

Ҷон Керрӣ 11 апрел нахустин вазири корҳои хориҷаи Амрико ва мақоми баландпояи ин кишвар буд, ки бори аввал аз Боғи ёдгориҳои сулҳи Ҳирошимо ва музейи он боздид кард.

Керрӣ ва вазирони корҳои хориҷаи Британия, Канада, Фаронса, Олмон, Италия ва Ҷопон як ҷо аз ин музей боздид карданд ва дар пояи ёдгории ононе, ки қурбони бами ҳастаӣ шуданд, гулчанбар гузоштанд.

Ин вазирон барои мулоқоти Гурӯҳи 7 ё 7 кишвари пешрафтаи иқтисодии ҷаҳон дар Ҳирошимо қарор доранд.

Баъд аз боздид аз ин ёдгорӣ вазирон изҳороте пахш карданд ва дар он гуфта мешавад, ки онҳо барои эҷоди сайёраи бидуни аслиҳаи ҳастаӣ уҳдадор мешаванд, вале гуфтанд, ки ин кор бо таҳрикоти такрор ба такрори Кореяи Шимолӣ ва бад шудани вазъи амниятӣ дар Сурияву Украина мушкилтар мешавад.

6 августи соли 1945 ҳавопаймои бамбафкани B-29 15 килотон бами ҳастаиро ба шаҳри Ҳирошимо партофт ва дар муддати кӯтоҳ 80 ҳазор нафар ҷон бохтанд.

Бами дуввум баъди се рӯзи он ба шаҳри Нагасакӣ андохта шуд ва ба ҳамин тартиб ҷанги дуввуми ҷаҳон ба поён расид.

XS
SM
MD
LG