Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳур нахуствазири нав пешбарӣ мекунад


Арсений Ятсенюк
Арсений Ятсенюк

Истеъфои Арсений Ятсенюк аз мақоми нахуствазирӣ роҳро барои ҳампаймони раиси ҷумҳур боз кард, то ҳукумати нав ташкил диҳад, зеро ин кишвар мехоҳад ба бӯҳрони сиёсии дусола хотима гузорад.

Ятсенюк 10 апрел баъд аз чанд ҳафтаи фишор ба истеъфо ризоят дод, вале вай изҳор дошт, ки ҳизби вай як бахши эътилофи ислоҳшудаи ҳоким як ҷо бо Петро Порошенко-раиси ҷумҳур боқӣ хоҳад монд.

Ятсенюк, ки соли 2014 ба мақоми нахуствазирӣ расид, гуфт, ки 12 апрел дар иҷлоси порламон истеъфои худро эълон мекунад. Мумкин аст Володимир Ҳройсман-раиси кунунии порламон нахуствазир интихоб шавад.

Порошенко низ вайро ба ин мақом муаррифӣ кардааст ва интизор меравад, ки худи ҳамон рӯзи 12 апрел номзадии вайро порламон ба тасвиб расонд.

Порошенко дар мусоҳибае гуфт, вай дар ҷараёни боздидаш аз Вашингтон итминон ҳосил кардааст, ки бо тасвиби ҳайати нави кобина интиқоли миллиардҳо доллар кӯмакҳои байналмиллалӣ ба Украина оғоз хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG