Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев аз Эрон боздид мекунад


Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон 11 апрел барои музокира бо Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон аз Теҳрон боздид мекунад.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Қазоқистон гуфт, ки ҷонибҳо роҳҳои суръат бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу кишоварзӣ, сармоягузорӣ ва нақлиётро баррасӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин боздид 40 ҳуҷҷати ҳамкорӣ имзо шавад. Соли 2015 доду гирифти молу коло миёни Эрону Қазоқистон 635 миллион долларро ташкил дод.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Қазоқистон гуфт, ки Назарбоев рӯзҳои 13-14 апрел аз Туркия боздид ва бо Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия дидору гуфтугӯ мекунад. Вай ҳамчунин дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ширкат меҷӯяд.

Сипас раҳбари Қазоқистон ба Узбакистон меравад ва дар он ҷо бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури он кишвар мулоқот мекунад.

XS
SM
MD
LG