Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арсений Ятсенюк меравад, ки бозгардад?


Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина, изҳор намуд, ки ба истеъфо меравад. Барои курсии раиси ҳукумати Украина се нафар довталабанд.

Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк, рӯзи 10 апрел изҳор намуд, ки ба истеъфо меравад. "Ман тасмим гирифтам, ки аз мақоми сарвазирӣ истеъфо диҳам. Аризаам дар ин бора рӯзи сешанбе, 12 апрел ба Верховная Рада ироа мешавад», гуфт ӯ дар барномаи телевизионии "10 дақиқа бо нахуствазир».

Дар бораи сабаби истеъфояш Арсений Ятсенюк гуфт, ки "бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар ба таври сунъӣ эҷод шудааст ва хоҳиши иваз кардани як шахс чашми сиёсатмадоронро хира намудааст, раванди тағйири ҳукумат бошад ба як дави бемаънӣ дар як ҷо табдил шудаст". Аммо ӯ аз сиёсатмадоре ном набурд.

Арсений Яценюк ҳамчунин изҳор намуд, ки баъд аз истеъфои ӯ бояд ба таври фаврӣ ҳукумати нави Украина ва ҳамчунин аксарияти конститутсионӣ дар Верховная Рада ташкил шавад

Арсений Ятсенюк афзудааст, ки фраксияи “Ҷабҳаи мардумӣ” тайи ду сол ваҳдат, масъулият барои ҳар ҳарфи худ ва тавони ҳалли масъалаҳои мушкилро собит кард. Аз ин рӯз ба баъд ман вазифаҳои худро назар ба ваколатҳои нахуствазир густурдатар мебинам, изҳор намуд ӯ. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, шояд ишораи Ятсенюк ба он аст, ки ӯ ҳадафи бозгашт ба ин мақом баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи навбатии парлумониро дорад.

Бӯҳрони сиёсӣ дар Украина чанд моҳ боз идома дорад. 17 феврал парлумони Украина натавонист ҳукумати Арсений Ятсенюкро ба истеъфо фиристад. Як рӯз аз ин пеш раисиҷумҳур Петр Порошенко дар паёмаш ба мардум аз сарвазир Арсений Ятсенюк ва Додситони кулл Виктор Шокин даъват кард, ки "ба хотири барқарории эътимод ба ҳукумат" истеъфо диҳанд. Додситони куллро дар хешутаборбозӣ, пеш набурдани тафтиши ҷиноятҳои фаъолони Майдон, пуштибонӣ аз додситонҳо ва мансабдорони фасодзада айбдор мекунанд.

Шокин баъди даъвати раисиҷумҳур аризаи истеъфо навишт ва ин ариза ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз сӯи Верховная рада пазируфта шуд. Аммо он вақт Ятсенюк дар парлумон аз фаъолияти яксолаи ҳукумат ҳисобот дод ва ба даъвати раисиҷумҳурдар мавриди истеъфояш вокунише накард.

Мавзӯи истеъфои Ятсенюк борҳо боиси моҷаро дар парлумон шуда буд
Мавзӯи истеъфои Ятсенюк борҳо боиси моҷаро дар парлумон шуда буд

Фақат чанд рӯз баъд Арсений Ятсенюк дар ин бора изҳори ақида кард ва аммо гуфт, дар изҳороти худ Порошенко хостори истеъфои ӯ нашудааст ва фақат даъват кардааст, ки дар таркиби ҳукумат тағйирот ворид карда шавад. Ӯ тасдиқ кард, ки муносибаташ бо раиси ҷумҳур воқеан ҳам оддӣ нест, вале “дар шароити кунунӣ намешавад дар бораи муносибатҳои шахсӣ сухане ба забон овард”. Дар он нишасти хабарӣ ба суоле дар ин бора, ки чаро намояндагони порламони Украина аз истеъфои ҳукумати вай ҷонибдорӣ накарданд, ӯ ҷавоб дод, ки“гурӯҳе аз вакилон хатари нобасомонӣ ва беназмиро дар кишвар дарк карданд ва чунин вазъ наметавонист бо баргузории интихоботи зудрас поён ёбад. Гурӯҳи дуввуми намояндагон нишон доданд, ки намехоҳанд интихоботи зудрас баргузор шаванд”.

Зимнан, дар поёни баррасии ҳисоботи Ятсенюк 247 вакил фаъолияти ҳукуматро ғайриқаноатбахш баҳо додаанд, вале фақат 200 нафар аз қатъномаи нобоварӣ ба ҳукумат пуштибонӣ карданд, дар ҳоле, ки барои қабули қатънома раъйи на камтар аз 226 вакил зарур буд..

Тибқи назарсанҷиҳои гурӯҳи сотсиологии "Рейтинг", ки аввали соли равон анҷом гирифт, 71 дарсади украиниҳо ҷонибдори истеъфои ҳукумати Ятсенюк ҳастанд, танҳо 18 дарсад гуфтаанд, ки ҳукумат бояд боқӣ монад.

Владимир Гройсман
Владимир Гройсман

Арсений Ятсенюк дар паёми рӯзи 10 апрел изҳор намуд, ки фраксияи Эътилофи Петро Порошенко ба мақоми раиси кобинаи вазирон номзадии Владимир Гройсманро пешбарӣ кардааст. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир, дастикам се нафар довталаби курсии нахуствазири Украинаанд - раиси Верховни Рада Владимир Гройсман аз Эътилофи Порошенко, вазири молия Наталя Яреско ва Олександр Турчинов, раҳбари Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ. Таҳлилгарон пирӯзии номзади Эътилофи Петро Порошенкоро аз эҳтимол дур намедонанд. Дар ҳоли ҳозир, Блоки Порошенко дар Верховни Рада 136 вакил, Ҷабҳаи миллии Ятсенюк 81 вакил, эътилофи “Худдифоъ”-и шаҳрдори собиқи Лвов Андрий Садовий 26 вакил, ҳизби "Баткившина"-и сарвазири собиқ Юлия Тимошенко ва ҳизби радикалӣ 19-вакилӣ доранд. 28 курсии дигари парлумони Украина ба далели тасарруфи Ҷумҳурии Қрим аз сӯи Русия ва баргузор нашудани интихобот дар бархе ҳавзаҳои таҳти тасарруфи ҷудоиталабон дар вилоятҳои Донетску Луҳанск ҳамчунон холӣ боқӣ мемонанд.

Арсений Ятсенюки 42-сола аз 27 феврали соли 2014 раҳбарии ҳукумати Украинаро бар ӯҳда дорад. Он вақт аз номзадии ӯ 371 вакили парлумон пуштибонӣ карда буданд, дар ҳоле, ки барои интихоб шуданаш овози 226 вакил кофӣ буд.

XS
SM
MD
LG