Пайвандҳои дастрасӣ

«ДИСИ Инвест»-и Душанбе Ҷоми футзали Тоҷикистонро ба даст овард.

Дастаи «ДИСИ Инвест»-и Душанбе, ки асосашро бозигарони мунтахаби кишвар ташкил медиҳанд, ғолиби Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки 9 апрел дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Оҷонсии "Тоҷикгосстандарт”, баргузор шуд, бошгоҳи «Сипар»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Бояд гуфт, ки ба дастаи «ДИСИ Инвест» дар қисми ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мутахассиси эронӣ Абулқосим Орифиён, ки дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё мебошад, раҳбарӣ кард. Бо роҳбарии ӯ “ДИСИ Инвест” дар Ҷоми Тоҷикистон панҷ бозӣ карда, дар сетоаш пирӯз шудааст ва ду бозиро мусовӣ анҷом додааст.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа ба дастаи ғолиб - «ДИСИ Инвест» - Ҷоми Тоҷикистон ва медалҳои тилло супурда шуд. Дастаи “Сипар” бо медалҳои нуқра сарфароз гашт. Муҳаммад Раҳмонов («ДИСИ Инвест»), ки беҳтарин бозигар эътироф гардид, бо ҷоизаи Федератсияи футболи Тоҷикистон мукофотонида шуд.

Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал. Бозии ниҳоӣ

«Сипар» (Хуҷанд) – «ДИСИ Инвест» (Душанбе) – 0:3

Голҳо: Паймон Сарлак, 21 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Раҳмонов, 39 (0:2). Шавкат Ҳалимов, 40 (0:3).

«Сипар» (панҷгонаи аввал): Шӯҳрат Бибудов, Фурқат Аҳмадҷонов, Умед Мирзораҳимов, Алишер Ӯлмасов, Алӣ Аскарӣ.

Иваз намуданд: Баҳром Ёрматов, Мубин Абдураҳмонов, Валӣ Валиев, Паймон Сарлак.

«ДИСИ Инвест» (панҷгонаи аввал): Фирӯз Бекмуродов, Раҳмоналӣ Шарифов, Собирҷон Гуляков, Шавкат Ҳалимов, Муҳаммад Раҳмонов.

Иваз намуданд: Ораз Ализода, Арсен Фармонбеков, Шерзод Ҷумъаев.

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

10 апрел. Душанбе. Маҷмааи варзишии Оҷонсии «Тоҷикгосстандарт». 400 тамошобин.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG