Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Белгия: Қасди ҳамлагарон Порис буд


Боздошти Абринӣ дар Белгия
Боздошти Абринӣ дар Белгия

Ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шаҳри Брюссел қасди ҳамлаҳои нав дар Фаронсаро доштанд, аммо тафтиши зуди ҳамлаҳои террористӣ дар Порис онҳоро маҷбур сохт, ки ҳадафи худро дар пойтахти Белгия пиёда созанд. Дар ин бора додситони Белгия рӯзи 10 апрел хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Муҳаммад Абринӣ, ки ду рӯз пеш боздошт шуд, даст доштанаш дар таҳияи ҳамлаи нав дар Порисро тасдиқ кард ва аммо баъдан яке аз ширкаткунандагони ҳамлаҳо дар Брюссел гардид.

Бино ба изҳороти муфаттишон, ситезаҷӯён пешрафт дар тафтиши ҳаводиси Порисро интизор набуданд ва, аз ин рӯ, фавран барои ташкили таркишҳо дар Брюссел тасмим гирифтанд.

Як рӯз пеш Додситонии Белгия дар чаҳорчӯби тафтиши ҳамлаҳои террористии моҳи ноябр дар шаҳри Порис алайҳи Муҳаммад Абринӣ аз рӯи бандҳои куштори одамон ва ширкат дар гурӯҳи террористӣ айб эълон кард. Мақомоти додситонӣ рӯзи 9 апрел гуфтанд, Абринӣ ҳамон марди кӯлоҳпӯш аст, ки рӯзи таркиш дар фурудгоҳи шаҳри Брюссел ҳамроҳ бо ду нафар аз маргталабони эҳтимолӣ дар навори камераҳои назоратӣ акс ёфтааст.

Муҳаммад Абринӣ ва боз се гумонбари дигар рӯзи ҷумъа дар Белгия дастгир шуданд. Гуфта мешавад, Абринӣ охирин нафаре буд, ки дар чаҳорчӯби тафтиши ҳамлаҳо ба Порис ҷустуҷӯ мешуд. Бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар пойтахти Фаронса рӯзи 13 ноябри соли гузашта 130 нафар ба ҳалокат расиданд. Таркишҳо дар фурудгоҳ ва метрои шаҳри Брюссел, ки рӯзи 22-юми март ба вуқӯъ пайвастанд, мунҷар ба ҳалокати 32 нафар шуданд.

Мақомоти интизомии Белгия рӯзи шанбе боз шаш нафареро боздошт карданд, ки дар даст доштан дар ҳамлаҳои маргталабона дар Брюссел гумонбар мешаванд.

XS
SM
MD
LG