Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхторе дар Ҳинд боиси марги беш аз 100 кас шуд


Бар асари сӯхтор дар ибодатгоҳи ҳиндуҳо дар аёлати Керала, воқеъ дар ҷанубу ғарби Ҳиндустон, рӯзи 10 апрел беш аз сад нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 200 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Хабаргузориҳо бо такя ба полиси маҳаллӣ навиштанд, ки оташсӯзӣ бар асари таркиш дар анбори маводи оташбозӣ рӯй дод. Қарор буд, ки ин мавод дар ҷашнвораи мазҳабии ҳиндуҳо истифода шавад. Ба асари сӯхтор ибодатгоҳ пурра ба коми оташ рафт.

Афроде, ки дар ин ҳодиса ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд, ба коллеҷи давлатии тиббии пойтахти аёлат - шаҳри Тривандрам интиқол ёфтаанд. Вазъи бештари осебдидагон сангин аст ва мақомот ҳадс мезананд, ки шояд теъдоди қурбониён афзоиш ёбад. Расонаҳои чопи Ҳиндустон, аз ҷумла «The Times of India», навиштаанд, ки мақомоти маҳаллӣ ба хотири таъмини амният ва бино ба шикоятҳои мардум барои баргузории оташбозӣ дар канори ибодатгоҳ иҷоза надода буданд.

Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди ба пайвандони қурбониён изҳори тасаллият намуд ва ба ҷойи ҳодиса сафар кард. Маводи оташбозӣ дар иду ҷашнвораҳои мазҳабии ҳиндуҳо зиёд истифода мешавад ва гоҳо боиси ҳодисаҳои фоҷиабор мегардад.

XS
SM
MD
LG