Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 18 сарбози филиппинӣ дар як амалиёт


Дар як амалиёт алайҳи гурӯҳи ифротгароии Абӯ Сайёф дар ҷануби Филиппин ҳаждаҳ сарбози ҳукуматӣ ва панҷ тан аз ситезаҷӯён кушта шуданд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Филиппин рӯзи 10 апрел хабар доданд, ки амалиёт рӯзи шанбе дар шаҳри Типо-Типои вилояти Басилан, воқеъ дар 900-километрии ҷануби пойтахт – шаҳри Манила сурат гирифт ва ҳадафаш озод кардани гаравгонҳои хориҷӣ буд. Гурӯҳи Абӯ Сайёф таҳдид карда буд, ки рӯзи 8 апрел гаравгонҳоро эъдом мекунад. Сарбозони ҳукуматӣ ба қароргоҳи Абу Сайёф ҳамла карданд ва аммо худашон дар муҳосира уфтоданд. Дар бораи сарнавишти гаравгонҳои хориҷӣ иттилое зери даст нест.

Артиши Филиппин ҳамла болои гурӯҳи Абӯ Сайёфро, ки дар чанд ҳамлаи маргбори террористӣ дар кишвар ва гаравгон гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ барои дарёфти маблағ айбдор мешавад, афзоиш додааст.

XS
SM
MD
LG