Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи Муҳаммад Абринӣ айб эълон шуд


Боздошти Муҳаммад Абринӣ
Боздошти Муҳаммад Абринӣ

Додситонии Белгия дар чаҳорчӯби тафтиши ҳамлаҳои террористии моҳи ноябр дар шаҳри Порис алайҳи Муҳаммад Абринӣ аз рӯи бандҳои куштори одамон ва ширкат дар гурӯҳи террористӣ айб эълон кард. Мақомоти додситонӣ рӯзи 9 апрел гуфтанд, Абринӣ ҳамон марди кӯлоҳпӯш аст, ки рӯзи таркиш дар фурудгоҳи шаҳри Брюссел ҳамроҳ бо ду нафар аз маргталабони эҳтимолӣ дар навори камераҳои назоратӣ акс ёфтааст..

Муҳаммад Абринӣ рӯзи ҷумъа дар Белгия дастгир шуд. Гуфта мешавад, ӯ охирин нафаре буд, ки дар чаҳорчӯби тафтиши ҳамлаҳо ба Порис ҷустуҷӯ мешуд. Бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар пойтахти Фаронса рӯзи 13 ноябри соли гузашта 130 нафар ба ҳалокат расиданд. Таркишҳо дар фурудгоҳ ва метрои шаҳри Брюссел, ки рӯзи 22-юми март ба вуқӯъ пайвастанд,мунҷар ба ҳалокати 32 нафар шуданд.

Мақомоти интизомии Белгия рӯзи шанбе шаш нафареро боздошт карданд, ки дар даст доштан дар ҳамлаҳои маргталабона дар Брюссел гумонбар мешаванд.

XS
SM
MD
LG