Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон изҳор намуд, ки бояд санадҳои андози хонаводаи худро ҷиддитар тафтиш мекард. “Бояд сабақ гирифт ва ман инро дар мадди назар хоҳам дошт”, гуфт ӯ дар як суханронӣ дар ҷаласаи Ҳизби муҳофизакорон, ки рӯзи шанбе, 9 апрел, дар Лондон баргузор шуд.

Ду рӯз пеш, баъд аз нашри “Авроқи Панама” дар бораи "пулшӯи"-и раҳбарони бархе аз кишварҳо аз тариқи минтақаи офшории Панама, Дэвид Кэмерон иқрор карда буд, ки солҳои пеш дар трасти офшории падараш саҳмияҳо дошт ва аммо баъдан онҳоро фурӯхтааст. Мухолифини нахуствазир ӯро дар дурӯғпароканӣ ва меъёрҳои дугона айбдор мекунанд ва ҳатто садоҳое дар бораи истеъфои ӯ ҳам баланд мешаванд.

Рӯзи шанбе мақомоти Салвадор бахши маҳаллии ширкати ҳуқуқии Mossack Fonseca-и Панамаро, ки бар асари фошсозии ҳуҷҷатҳояш низои офшорӣ сар зад, кофтукоб карданд. Бино ба иттилои сомонаи хабарии El Faro, шаҳрвандони Салвадор ва дигар кишварҳо тавассути ин ширкат бидуни ифшои ҷузъиёти муомилаи молиявӣ моликияти ғайриманқул мехариданд.

Mossack Fonseca ҳама иттиҳомро рад мекунад, аммо аз санадҳо бармеояд, ки ин ширкат ба ҳазорон сиёсатмадорону афроди маъруф ва ширкатҳои бузург дар сарпечӣ аз андоз кӯмак кардааст.

Маркази гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ (OCCRP) дар якҷоягӣ бо Консорсиуми байналмилалии рӯзноманигорони пажӯҳишгар (ICIJ) матолиби бузургеро дар бораи фасод дар мақомоти олии Русия, Озарбойҷон, Украина, Сербия, Исландия, Бритониё ва кишварҳои дигар чоп карданд. Баъд аз нашри “Авроқи Панама” дар бисёр кишварҳо тафтишот шурӯъ шуд. Дар пайи ин моҷаро нахуствазири Исландия ба истеъфо рафт.

Дар “Авроқи Панама”, аз ҷумла, гап сари ҳолдингҳои офшорие меравад, ки ба 12 раисиҷумҳури феълӣ ё собиқ тааллуқ доранд. Дар он созишҳои пинҳонии офшории 128 сиёсатмадор, афроди маъруфи кишварҳои гуногун ва ҷинояткорон ҳам ошкор карда шудаанд.

Як бахши “Авроқи Панама” дар бораи афроди наздик ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аст, ки онҳо тавассути бонки "Россия" ва ширкатҳои оффшории Панама беш аз 2 миллиард долларро "обу лой" кардаанд.

XS
SM
MD
LG