Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини ду мақоми калидии ҳукумати Афғонистон


Парлумони Афғонистон пешниҳоди ҳукумат дар бораи таъини вазири умури дохила ва Додситони куллро пазируфт.

Дар ҷаласаи рӯзи 8 апрел Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид, генерали собиқи артиш, дар мақоми вазири умури дохилӣ, таъин гардид, раҳбарии Додситонии кулли Афғонистон бар дӯши Муҳаммад Фарид Ҳамидӣ, узви пешини Комиссиюни мустақили ҳуқуқи башар, вогузошта шуд. Ҳарду онҳо моҳи феврали соли равон баъд аз истеъфои собиқ вазири умури дохила Нурулҳақ Улумӣ дар мақомҳояшон таъин шуда буданд. Улумӣ баъд аз танқиди шадид дар робита ба бад шудани вазъи амниятӣ дар кишвар мақомашро тарк намуда буд.

Номзадии вазири дифои Афғонистон то ҳанӯз аз сӯи парлумони кишвар тасдиқ нашудааст.

Дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, ки аз сӯи раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроия доктор Абдулло Абдулло ташкил шудааст, то ҳол Раёсати миллии амният раҳбар надорад. Раиси пешини ин ниҳод моҳи декабри соли гузашта ба истеъфо рафта буд.

XS
SM
MD
LG