Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи ЮНЕСКО ба Хадиҷа Исмоилова


Хадиҷа Исмоилова

Хадиҷа Исмоилова

Хабарнигории зиндонии озарӣ Хадиҷа Исмоилова рӯзи 9 апрел бо ҷоизаи ҷаҳонии ЮНЕСКО/Гилиермо Кано лоиқ дониста шуд. Гуфта мешавад, ҷоизаи соли 2016 ба ӯ барои саҳмаш дар рушди матбуоти озод дар шароити вазнин” эҳто шудааст. “Хадиҷа Исмоилова ба таври олӣ ба ин ҷоиза сазовар аст ва ман шодам, ки ба ин васила ҷасорат ва ҳирфаӣ будани ӯ қадр мешавад, гуфт президенти ҷоиза Лилиана Зуровач.

Маблағи ҷоизаи ЮНЕСКО, Бунёди илму маориф ва фарҳанги СММ, 25 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ҷоиза ба номи хабарнигори колумбиягӣ Гилиермо Кано гузошта шудааст, ки соли 1986 дар шаҳри Богота, дар назидикии ҷои кораш – нашрияи El Espactador кушта шуда буд.

Моҳи сентябри соли 2015 додгоҳи шаҳри Боку Исмоиловаро бо иттиҳоми қаллобӣ ва сарпечӣ аз андоз ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар гуфтанд, ки ин муҷозоти Исмоилова барои пахши гузоришҳои фошкунандаи ҳодисаҳои фасод дар хонаводаи президент Илҳом Алиев буд.

Хадиҷа Исмоилова барандаи як қатор ҷоизаҳои байналмилалии мисли PEN American Center мебошад. Таҳқиқоти журналистии ӯ марбут ба мавридҳои фасод ва сӯиистифода аз қудрат кардани аъзои оилаи Илҳом Алиев схемаҳои печидаву хеле даромадноки тиҷоратро дар Озарбойҷон фош мекард.

XS
SM
MD
LG