Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Сипар» ва «ДИСИ Инвест» дар финали Ҷоми футзали Тоҷикистон


Дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «ДИСИ Инвест»-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал ду дастаи ширкаткунандаи бозии ниҳоиро маълум карданд. Дар бозии аввали ниманиҳоӣ дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бар «Чортан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд. Ду голи «Сипар»-ро легионери эронӣ Алӣ Маҳданӣ ба самар расонд. Алишер Улмасов ва Умед Мирзораҳимов якголӣ заданд. Дар ҳайати «Чортан» Ш. Муродов ду тӯб ва Исмоил Шонов як тӯб заданд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон «ДИСИ Инвест» бар «Соро компания» бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад. Ду голи дастаи ғолибро Шавкат Ҳалимов ба ҳадаф расонд. Инчунин Шерзод Ҷумъаев ва Ораз Ализода ба дарвозаи «Соро» ду тӯб ворид карданд. Голҳои “Соро”-ро Фирӯз Сангов ва Алиҷон Ҳабибуллоев заданд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи шанбе, 9 апрел, дар маҷмааи варзишии “Тоҷикгосстандарт”-и Душанбе соати 11:00 шурӯъ мешавад, «Сипар» ва «ДИСИ Инвест» бо ҳам рақобат мекунанд.

Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал. Қисми ниҳоӣ

Бозиҳои ниманиҳоӣ

«Сипар» – «Чортан» 4:3

Голҳо: Алӣ Маҳданӣ (2), Алишер Улмасов, Умед Мирзораҳимов – Исмоил Шонов, Ш. Муродов (2).

Аз майдон хориҷ шуд: Парвиз Раҳматов («Сипар»), А. Раҳматов («Чортан»).

«Соро компания» – «ДИСИ Инвест» – 2:4

Голҳо: Фирӯз Сангов, Алиҷон Ҳабибуллоев – Шавкат Ҳалимов (2), Шерзод Ҷумъаев, Ораз Ализода.

Бозии ниҳоӣ

9 апрел (шанбе)

11:00 – «Сипар» – «ДИСИ Инвест»

XS
SM
MD
LG