Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Саратов даъвои зидди Путинро рад кард


Додгоҳи ҳакамӣ ё арбитражӣ дар вилояти Саратови Русия баррасии даъвои сокини шаҳри Балаков Николай Суворовро, ки талаб дошт президент Владимир Путин "барои ғорати Русия" аз мақомаш барканор шавад, рад кард.

Дар қарори додгоҳ омадааст, ки сардори давлат дахлнопазир аст ва чунин даъвоҳо ба салоҳияти додгоҳ шомил намешаванд. Тибқи моддаи 4 Конститутсияи Русия, президент "соҳиби ваколатҳоест, ки амалӣ гардонидани онҳо ҳаққи истисноияш аст ва додгоҳ, аз ҷумла, додгоҳи ҳакамӣ ҳаққи дахолат кардан ба фаъолияти ӯро надорад".

Рӯзи панҷшанбе хабар расид, ки додгоҳи ҳакамии шаҳри Саратов даъвои Суворов алайҳи Путинро қабул ва рӯзи 28 апрел муҳокима таъйин кардааст. Сокини Балаков талаб дошт, ки Путин "ҳамчун душмани халқ, дӯсти олигархҳо ва мансабдорон, барои ғорати Русия ва фақир кардани мардум, бой гардонидани мансабдорон, бонкирҳо ва ғоратгарон" ба истеъфо равад.

XS
SM
MD
LG