Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

539 тоҷик дар Полша паноҳандагӣ гирифтаанд


Дафтари шабакаи муҳоҷирати Аврупо дар Полша дар гузориши солонаи худ гуфтааст, ки дар давоми соли 2015 ин кишвар ба 539 шаҳрванди Тоҷикистон паноҳандагӣ додааст. Дар соли 2014 ин шумора 103 нафарро ташкил медод.

Дар давоми 12 соли охир ин бузургтарин шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки аз Полша паноҳандагӣ гирифтаанд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози шумораи шаҳрвандоне, ки аз Полша паноҳандагӣ мехоҳанд, баъд аз Украинаву Русия дар мақоми севвум қарор дорад. Вале аз лиҳози афзоиши шумора дар мақоми аввал аст, зеро шумораи панҳоҳҷӯён дар соли 2015 нисбат ба як соли пеш 5 баробар бештар аст ва ҳатто дар давоми 12 соли охир ин қадр набудааст.

Соли 2015 аз кишварҳои аврупоӣ аслан ононе паноҳандагӣ хостаанд, ки мухолифони сисёсии ҳукумати Тоҷикистон мебошанд. Ба онҳо аъзои Ҳизби мамнуи Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва аъзи “Гурӯҳи-24” дохил мешаванд.

XS
SM
MD
LG