Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петербург: “Весна” истеъфои Путинро талаб кард


Дар Петербург фаъолони ҷунбиши ҷавонони “Весна” як ҳамоиши мардумӣ баргузор карда, дар он талаб намуданд, ки президент Владимир Путин дар робита ба “ҷанҷоли офшорӣ” аз мақомаш барканор шавад.

Фаъолони “Весна” хомӯш истода, дар даст саҳфаи қоғази сафед доштанд. Қисме аз эътирозгарон қоғазҳоро ба шакли кулоҳи “панама” қат карданд. Пулис онҳоро аз вайрон кардани қонуни баргузории гирдиҳамоиҳо ва эътирозҳо ҳушдор дод, аммо касеро боздошт накард. Фаъолони “Ҷунбиши миллии озодихоҳ” талош карданд, ин гирдиҳамоиро ба ҳам зананд, аммо муваффақ нашуданд. Онҳо ба сӯи раҳбари ҷунбиши “Весна” Николай Артеменко маҳлули номаълуме пошиданд ва пулис омили ин кор -- узви Ҷунбиши миллии озодихоҳ Сергей Колякинро боздошт намуд.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе дар Петербург гуфт, дар таҳқиқоти Анҷумани байналмилалии хабарнигорон ошкор гуфта нашудааст, ки вай соҳиби офшор аст. Ин таҳқиқотро Путин талоши “ноором кардани вазъият дар дохил” номид ва афзуд, ки роҳи соддатарини расидан ба ин ҳадаф “эҷоди нобоварӣ ба мақомот аст”.

Президенти Русия ҳамчунин таъкид кард, ки аз дӯстиаш бо навозанда Сергей Ролдугин ифтихор мекунад. Вай гуфт, “қариб ҳамаи пуле, ки дар хориҷа онро соҳиб шуд, вай барои харидории созҳои мусиқӣ сарф карда, онҳоро ба Русия овард”. Хабари инро, ки Ролдугин “миллиардҳо доллар” ба даст овардааст, президент “гапи беҳуда” номид.

3-уми апрел Анҷумани байналмилалии таҳқиқотҳои хабарнигорӣ (ICIJ) матлаберо дар бораи фасодкорӣ дар миёни мақомоти баландпояи бархе аз кишварҳо нашр кард. Дар ҳуҷҷатҳои марбут ба Русия ҷойгоҳи асосиро дӯсти наздики президенти Русия, виолончелнавози петербургӣ Сергей Ролдугин ва “силсилаи офшорҳои” “марбут ба Путин” ташкил медиҳад. Аз ҷумла, иддао шудааст, ки нафарони наздик ба Владимир Путин аз тариқи бонки “Россия” ва ширкатҳои офшории Панама беш аз 2 миллиард долларро “шустаанд”.

XS
SM
MD
LG