Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси рӯзноманигоронро ба шифохона интиқол доданд


Сеитқозӣ Матаев

Сеитқозӣ Матаев

Сеитқозӣ Матаев-раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Қазоқистон ва раиси Бошгоҳи матбуоти миллӣ ба шифохона интиқол дода шудааст.

Матаев барои пардохт накардани молиёт аз моҳи феврал дар ҳабси хонагӣ буд. Табибон дар маркази бемориҳои қалби Алмаато мегӯянд, ки Матаев 7 апрел бо фишори баланд ва хатарноки хун ба шифохона оварда шудааст.

Пулис Матаевро 22 феврал боздошт карда буд ва дастур дод, ки то баргузории мурофиаи додгоҳӣ дар ҳабси хонагӣ бимонад.

Ожонси зидди ришвахории Қазоқистон мегӯяд, ки агар гуноҳи Матаев барои моли худ кардани моликияти дигарон ва пардохт накардани андоз исбот шавад, дар он сурат вай ба 12 соли зиндон маҳкум хоҳад шуд. Матаев мегӯяд, ки гуноҳе надорад.

XS
SM
MD
LG