Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юнон 45 муҳоҷирро ба Туркия истирдод кард. Ин дуввумин гурӯҳи муҳоҷирон аст, ки вуруди онҳо бар асоси барномаҳои зиддинақизи пешгирии муҳоҷирати дастаҷамъӣ ба Аврупо боздошта мешавад.

8 апрел як қоиқ ҷазираи Лесбоси Юнонро тарк кард. Қоиқи дуввум, ки шумораи бештари муҳоҷиронро бо худ гирифтааст, субҳи 9 апрел ба шино мебарояд.

4 апрел нахустин гурӯҳе, ки ба Туркия баргардонида шуд, аз 202 нафар иборат буд ва аксари онҳо шаҳрвандони Покистон буданд. Ҳамон рӯз аввалин гурӯҳи суриягиҳо аз Туркия ба Олмону Финландия ворид шуданд.

Тибқи қарордоди Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия Анқара ҳамаи муҳоҷирон ва паноҳҷӯён, аз ҷумла суриягиҳоеро пас мегирад, ки ғайриқонунӣ воридиЮнон мешаванд.

Дар иваз бо Туркия дар бораи даромадан ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо музокирот анҷом мегирад ва муқаррароти раводид бо шаҳрвандони он сабуктар мешавад.

XS
SM
MD
LG