Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 12-уми апрел дар Академияи илмҳои Тоҷикистон аз "Рӯзи илм" таҷлил ба амал меояд. Ба иттилои котиботи матбуотии Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар ибтидо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимӣ гунчарбарҳо гузошта мешавад. Сипас дар саҳни Академияи илмҳои Тоҷикистон дастовардҳои илмии донишмандони кишвар намоиш дода мешавад. Қарор аст тайи як маросим, ба олимоне, ки дар соли 2016 соҳиби ҷоизаҳои Академияи Илмҳо шудаанд, дипломҳо супорида шавад. Маърӯзаҳои илмии олимоне, ки ба ҷоизаҳои олимони барҷаста сарфароз гардида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

XS
SM
MD
LG