Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 8 апрел, дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай (СҲШ) роҳҳои муқобала ба ҳамалоти террористӣ матраҳ хоҳад шуд.

Ширкаткунандагони ҷаласаи Шӯрои сохторҳои минтақавии зиддитеррори СҲШ масоили марбут ба муқовимат ба таҳдиду хатарҳои созмонҳои байналмилалии террористӣ ва ҷилавгирӣ аз пайвастани шаҳрвандони кишварҳои узви ин созмон ба гурӯҳҳои тундру террорист дар кишварҳои хориҷиро баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин, дар ин нишаст масъалаҳои ҷилавгирӣ аз ҳамалоти террористони худкуш матраҳ хоҳад шуд.

Дар ин ҳамоиш намояндагони ниҳодҳои амниятии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Русия ва Чин ширкат мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG