Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Истиқлол” дар аввалин бозии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон “Парвоз”-ро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 7-уми апрел, бо бозии «Истиқлол»-и Душанбе - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт. Ин бозӣ, ки дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барпо гардид, бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузуоги 4:0 ба анҷом расид. Ду голро Фатҳулло Фатҳуллоев ба самар расонд. Ду голи дигарро Сиёвуш Асроров ва Манучеҳр Ҷалилов заданд.

Чаҳор бозии дигари даври аввал рӯзҳои 9-10 апрел баргузор мешавад. Рӯзи шанбе «Регар-ТадАЗ» бо ССКА «Помир», «Хуҷанд» бо «Вахш», рӯзи якшанбе «Хайр» бо «Равшан» ва «Ҳосилот» бо «Барқчӣ» рақобат мекунанд.

Мусобиқаи имсола бо ширкати даҳ даста дар ду давра барпо мегардад. Ба нӯҳ даста - «Истиқлол», ССКА «Помир», «Барқчӣ» (ҳарсе аз Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хайр» (Ваҳдат), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – ғолиби сабқати соли гузаштаи лигаи аввал - «Ҳосилот»-и Фархор – ҳамроҳ мешавад. Вале дастаи «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) ба иллати вазъи мушкили молӣ аз ширкат дар мусобиқаи имсола даст кашид.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ сар аз соли 1992 барои бори 25-ум барпо мегардад. Ҳамагӣ ҳашт даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Аз ҳама бештар – 7 бор “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, 4 бор “Истиқлол”-и Душанбе, себорӣ “Варзоб”-и Душанбе ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, дуборӣ “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб ва як маротиба “Динамо”-и Душанбе Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тиллои мусобиқотро ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи соли гузашта бо пирӯзии дастаи "Истиқлол" анҷом ёфта буд. Футболбозони Душанбе барои бори чаҳорум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тило сарфароз гаштанд. Дастаи “Хуҷанд”, ки ҷойи дувумро касб кард, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Равшан” гардида буд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

7 апрел (панҷшанбе)

«Истиқлол» - «Парвоз» - 4:0

9 апрел (шанбе)

«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир»

«Хуҷанд» – «Вахш»

10 апрел (якшанбе)

«Хайр» – «Равшан»

«Ҳосилот» – «Барқчӣ»

Оғози бозиҳо соати 16:00

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG