Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ҳар гуна иртибот бо ҳисобҳои оффшориро рад кард ва санадҳри ифшошудаи мавсум ба Панамаро бахше аз талошҳои Ғарб арзёбӣ кард, ки мехоҳад ба Маскав осеб расонад.

Путин зимни суханони худ дар ҳамоиши матбуотӣ дар шаҳри Санкт-Петербург 7 апрел ҳуҷҷатҳои ишшошуда аз тарафи як ширкати ҳуқуқии Панамаро маъракаи таблиғотии Ғарб бар зидди Русия номид.

Вай гуфт: “Душманони мо аз ваҳдату якпорчагии Русия ва миллиятҳои мухталифи он нигаронанд. Онҳо мехоҳанд ба мо аз дохил санг бизананд ва ё моро фармонбардор созанд”.

Тақрибан 11,5 миллион ҳуҷҷатро ширкати ҳуқуқии Mossack Fonseca ифшо кардааст. Ин ҳуҷҷатҳо ба сарватмандтарин шахсони ҷаҳон тааллуқ доранд.

Номи Путин дар ҳеҷ яке аз ин ҳуҷҷатҳо дарҷ нашудааст, балки дороиҳои вай бо номҳои ҳамкоронаш ва наздиконаш омадааст. Масалан, Путин рад кардааст, ки Сергей Ролдугин-ҳамкори деринаи вай ва соҳиби 2 миллиард доллар дар ҳисобҳои оффшорӣ кори нодурусте карда бошад.

XS
SM
MD
LG