Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бангладеш – рақиби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2019


Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Бангладеш. Акс аз бойгонӣ.
Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Бангладеш. Акс аз бойгонӣ.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар марҳалаи плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи Бангладеш бозӣ мекунад.

Бар асоси қуръакашии марҳалаи плей-офф барои роҳ ёфтан ба сабқати гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки имрӯз, 7 апрел, дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия доир шуд, дастаи миллии Тоҷикистон бо дастаи миллии Бангладеш рақобат хоҳад кард. Бозии аввал 2 июн дар Душанбе ва бозии ҷавобӣ 7 июн дар Дакка барпо мегардад.

Дар марҳалаи аввали плей-офф 10 дастае, ки аз рӯи натиҷагирии қуръакашӣ панҷ ҷуфтро ташкил медиҳанд, иштирок мекунанд. Панҷ дастаи ғолиби марҳалаи аввали плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Агар мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо дастаи Бангладеш ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта натавонад, он гоҳ боз як шанси ба марҳалаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро тирамоҳ, вақте ки бозиҳои марҳалаи сеюми плей-офф баргузор мешаванд, пайдо мекунад. Дар ин марҳала се ҷуфт аз ҳисоби панҷ дастаи мағлубшудаи марҳалаи аввали плей-офф ва мунтахаби Бутан иштирок хоҳанд кард. Се дастаи ғолиби марҳалаи дувуми плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Аз 11 дастаи марҳалаи плей-офф ҳаштоаш ба 16 тими мунтахаби даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешавад. Дар марҳалаи гурӯҳӣ 24 даста, ки ба 6 гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳала аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ (ҳамагӣ 12 даста) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дар қисми ниҳоии мусобиқоти қитъавӣ, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад, барои аввалин бор 24 даста ширкат меварзад.

Қуръакашии марҳалаи плей-оффи Ҷоми Осиё-2019:

Бозиҳои аввалин

2 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш

Тайван – Камбоҷа

Молдив – Яман

Малайзия – Тимори Шарқӣ

Лаос – Ҳиндустон

Бозиҳои ҷавобӣ

7 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Камбоҷа – Тайван

Яман – Молдив

Тимори Шарқӣ – Малайзия

Ҳиндустон – Лаос

XS
SM
MD
LG