Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯҳонӣ дар бораи лағви таҳримҳо сӯҳбат кард


Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон ҳушдор дод, ки имкониятҳои ба дастомада аз тавофуқоти ҳастаии соли гузашта бо шаш қудрати ҷаҳонӣ доимӣ давом нахоҳад кард.

Вай 7 апрел зимни суханронии гуфт, “имконияте, ки тавофуқоти ҳастаӣ ба мо додааст, доимӣ ва абадӣ нахоҳад буд”. Рӯҳонӣ ин суханонро дар маросими вижае дар Теҳрон ба муносибати Рӯзи миллии таҷҳизоти ҳастаӣ изҳор дошт. 8 апрел дар Эрон Рӯзи миллии таҷҳизоти ҳастаӣ аст.

Раиси ҷумҳур ҳамчунин гуфт, ки вай “ҷонибдори сиёсати ислоҳталабона аст” ва мехоҳад “бо ҷаҳон доду гирифт дошта бошад”.

Ин суханони Рӯҳонӣ як навъ ҷавоб ба муҳофизакорон аст, ки баъд аз тавофуқоти ҳастаӣ аз вай барои набуди натиҷаҳои иқтисодӣ интиқод мекунанд. Иҷрои ин тавофуқот моҳи январ шуруъ шуд.

Бар асоси ин тавофуқот Эрон ризоят дод, ки фаъолиятҳои ҳастаиашро дар ҷавоб ба лағви таҳримҳои байналмиллалӣ маҳдуд мекунад.

XS
SM
MD
LG