Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб ҳукми Ансор Зайниддиновро, ки аз сӯи додгоҳи ноҳияи Фархор ба 11,5 сол зиндон маҳкум шуда буд, бознигарӣ карда ва мӯҳлати ҳабсашро 6 сол кам намудааст.

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб аз 11,5 сол ҳукми зиндони Ансор Зайниддинов шаш солашро кам кардааст. Ин сокини 28-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ моҳи феврали соли ҷорӣ барои ҷалби ҷавонон ба саффи гурӯҳи "Давлати исломӣ" муҷрим шинохта шуда буд.

Наздикони Ансор Зайниддинов мегӯянд, ки ҳукми қаблиро додгоҳи ноҳияи Фархор содир карда ва онҳо билофосила аз болои он ба додгоҳи минтақаи Кӯлоб шикоят бурдаанд. Матлуба Зайниддинова, хоҳари бузурги Ансор Зайниддинов, 8 апрел ба Озодӣ гуфт, мурофиаи бознигарии ҳукми додараш рӯзи чоршанбе паси дарҳои баста сурат гирифтааст.

"Вақте додгоҳи ноҳияи Фархор ба 11,5 сол маҳкум кард, бо он розӣ набудем ва аз болояш ба додгоҳи минтақаи Кӯлоб шикоят кардем. Додрас дар ҷаласаи рӯзи гузашта гуфт, ки шаш сол аз ҳукмаш кам карда шудааст," – афзуд ӯ.

Суннатӣ Иброҳимзода, додраси додгоҳи ноҳияи Фархор, рӯзи 12 феврали соли ҷорӣ ҳангоми қироати ҳукми Ансор гуфта буд, ки ӯ бар асоси қисми 1-и моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "зархаридӣ" равонаи зиндон шудааст ва мӯҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳад кард. Дар мурофиаи додгоҳӣ Ансор Зайниддинов ба ҳайси мубаллиғи гурӯҳи “Давлати исломӣ” муаррифӣ шуда буд. Ба қавли тафтишот, ӯ дар Русия ҳузур дошта, дар ҷалби сокинон ба ин гурӯҳи террористӣ саҳм мегирифтааст.

Аммо Раҷаб Раҳмоналӣ, ҳимоятгари Ансор Зайниддинов, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, азбаски баъзе ваҷҳҳо тасдиқи худро наёфтанд, додгоҳи минтақаи Кӯлоб ҳукмро нисбат ба ӯ кам кардааст.

Ин сокини ноҳияи Ҳамадонӣ моҳи августи соли гузашта, ҳангоми бозгашт аз Русия аз сӯи нерӯҳои интизомии Тоҷикистон боздошт шуда буд. Дар ҳоле ки мақомот ӯро барои ҷалби сокинон ба саффи гурӯҳи “Давлати исломӣ” айбдор донистаанд, Гулнора Рамазонова - ҳамсари Ансор Зайниддинов мегӯяд, шавҳараш баръакс ӯро аз рафтан ба Сурия халос карда буд.

Рамазонова гуфт, писари холааш қасд дошт, ки ӯро ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандонаш ба Сурия барад, вале Ансор Зайниддинов ӯро аз дасти онҳо раҳо карда, ба ватан фиристодааст. "Моҳи декабри 2014 писари холаам Ҳоким ҳамроҳи занаш Дилором ва се фарзандаш дар Маскав маро даъват карданд, ки нонвойхона дорему омада кор кун. Ман рафтам ва шавҳарам баъди якуним моҳ огоҳ шуд. Баъд аз рафтан на кор буду на нонвойхона. Онҳо маро мегуфтанд, ки хонданӣ меравем ва рӯзе огоҳ шудам, ки мехоҳанд маро ба Сурия баранд. Дар хонаводаамон хабар додам ва Ансор рафта маро раҳо кард ва моҳи майи 2015 ба хонаамон фиристод," – нақл кард ӯ.

Зимнан ба иттилои расмӣ дар Русия ҳудуди 1 миллион аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Мақомот ва коршиносон ин қишри ба сурати умум беҳуқуқро дар муқобили ташвиқу даъватҳои гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ хеле осебпазир мешуморанд. Дар Душанбе бар ин боваранд, ки ҳадди аксар аз 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд, маҳз дар Русия ба ин ба ном “ҷиҳод” ҷалб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумори шаҳрвандонаш дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ”, барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, афви гуноҳ пешниҳод кардаанд. Бино ба иттилои мақомот, то ҳол ҳудуди 60 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз пайвастани худ ба “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба ватан баргашта, мавриди афв қарор гирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG