Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Ӯзбекистон ба дархостҳои Додситонии Қазоқистон барои қабули шаҳрвандони маҳкумшудааш дар ватан посухи мусбат намедиҳанд. Ҳоло дар зиндонҳои Қазоқистон 643 шаҳрванди Ӯзбекистон адои ҷазо мекунанд.

“Ба мо шаҳрвандони ин кишвар зиёд муроҷиат карда, хоҳиш мекунанд, ки онҳоро ба ватанашон фиристем, аммо, мутаассифона, ин кор танҳо ба мо вобаста нест. Тақрибан бо ҳар як муроҷиати шаҳрвандони хориҷии маҳкумшуда мо ба ҳамтоёни хориҷиамон нома фиристода, дар он омодагии худро барои ба ватан фиристодани шаҳрвандонашон баён мекунем, аммо посухи мусбат намегирем”, - гуфт муовини аввали додситони кулли Қазоқистон Иоган Меркел.

Ҳоло дар Қазоқистон беш аз 1,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ адои ҷазо мекунанд, ки 643 нафарашон шаҳрванди Ӯзбекистон ва 320 нафар шаҳрванди Қирғизистонанд.

Ба гуфтаи Меркел, дар солҳои ахир аз 318 зиндонии қирғизистонӣ танҳо 26 нафар ба ватан фиристода шудаанд. Ба Ӯзбекистон ҳеҷ маҳкумшудае фиристода нашудааст.

XS
SM
MD
LG