Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев бо ду раҳбари Қафқоз сӯҳбат кард


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо президентҳои Озарбойҷон ва Арманистон Илҳом Алиев ва Серж Саргсян суҳбатҳои ҷудогонаи телефонӣ анҷом дод.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон, Назарбоев дар суҳбат бо раҳбарони ин ду кишвар аз кушта шудани мардум ва низомиён дар ҷангҳои мусаллаҳонаи ахир дар Қаробоғи Кӯҳӣ изҳори тасаллият кард.

Президенти Қазоқистон раҳбари ҳар ду кишварро ба мӯътадил сохтани вазъият дар Қарабоғи Кӯҳӣ даъват карда, аз онҳо хост, ки гуфтушуниди сулҳро тибқи қонунҳои байналмилалӣ аз сар бигиранд. Аз ин пеш Остона пешниҳод кард, ки маҳалли ҳамоиши Иттиҳоди иқтисодии кишварҳои АвруОсиё, ки бояд 8-уми апрел дар Ереван сурат мегирифт, ба шаҳри дигар гузаронида шавад.

XS
SM
MD
LG