Пайвандҳои дастрасӣ

Озарбойҷону ҷудоихоҳон якдигарро айбдор мекунанд


Озарбойҷон ҷудоихоҳони ҷонибдори Арманистонро дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ муттаҳам кард, ки оташбаси байни ҷонибҳоро риоят накардааст.

Вазорати дифои Озарбойҷон дар эъломияи 7 апрели худ гуфтааст, ки ҷудоихоҳон дар давоми 24 соати гузашта 119 бор оташбасро вайрон кардаанд.

Дар изҳороти дигар вазорати дифоъ иддао кардааст, ки нируҳои Арманистон ба чанд ноҳияи минтақаи Нахҷевони Озарбойҷон тирандозӣ кардаанд. Нахҷевон дар байни қаламравҳои се кишвар, яъне Арманистону Эрон ва Туркия ҷой гирифтааст.

Аз 5 апрел аз замоне, ки оташбас ҷорӣ шуд, Озарбойҷон ва ҷудоихоҳони Қарабоғи Кӯҳистонӣ мегӯянд, ки вазъ дар хатти муқаддами ҷабҳа нигаронкунанда, вале ором аст.

Ин оташбас баъди оғози даргириҳои 2 апрел ҷорӣ шуд. Чаҳор рӯзи даргириҳо дар ин минтақати кӯҳистонии Қафқоз фоҷеабортарин рӯзҳо дар давоми чанд даҳсолаи охир буд.

XS
SM
MD
LG