Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бамгузор дар порламони Аврупо кор кардааст


Наҷим Лочрою
Наҷим Лочрою

Яке аз мардоне, ки 22 март дар Бруссел ҳамлаҳои маргборро анҷом дод, шаш сол пеш дар порламони Аврупо фаррош кор кардааст. Дар эъломияи 6 апрел Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки ин мард дар солҳои 2009 ва 2010 дар мавсими тобистон як моҳӣ дар он ҷо кор кардааст.

Бо вуҷуди ин ки порламон аз вай ном набурдааст, сарчашмаҳое, ки вайро медонанд, номашро Наҷим Лочрою мегӯянд, ки шаҳрванди Белгия будааст. Додситонҳо мегӯянд, ин мард худро ҳангоми ҳамлаи маргталабона дар фурудгоҳ худро таркондааст.

Наҷим ҳамчунин дар сохтани камарбандҳои таркандаи ҳамлаҳои Порис дар моҳи ноябри соли гузашта гумонбар дониста мешавад. Дар ҳамлаи Порис 130 нафар кушта шуд.

Чарл Мишел-нахуствазири Белгия аз барномаҳои кишвараш дар мубориза бо хатарҳои терроризм ҳимоят кард ва гуфт, ки Белгия “кишвари ноком” нест .

XS
SM
MD
LG