Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, баъди табобат ба кор баромад.

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, пас аз муолиҷаи даҳрӯза дар Маркази миллии тиббӣ ба кори худ давом дод.

Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, мутахассиси 43-сола рӯзи 5 апрел дар тамрини даста, ки якуним соат идома кард, иштирок дошт.

Ёдовар мешавем, Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, баъд аз шикаст хӯрдани дастааш аз тими миллии Австралия бо ҳисоби бузурги 0:7 ва бозгашт ба Душанбе рӯзи 27 март ба иллати бемории қалб дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шуда буд. Ба иллати беморӣ Мубин Эргашев дар бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи "В" муқобили мунтахаби Қирғизистон, ки 29 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, иштирок карда натавонист.

Бинобар ин мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ таҳти раҳбарии мураббии калони даста Роман Пилипчук, мутахассиси украинӣ, ба майдон омад ва бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Баъд аз ҷамъбасти мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 21 имтиёз ҷойи аввалро касб кард. Мунтахаби Урдун бо 16 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт. Дастаҳои мунтахаби Австралия ва Урдун ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Мунтахаби Қирғизистон, ки бо 11 имтиёз ҷойи севумро азони худ кард, мустақиман ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2019 роҳхат гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон бошад, бо 5 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол намуд. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки ширкати худро дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 анҷом дод, ҳамакнун барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 тавассути бозиҳои плей-офф, ки 2 ва 7 июн баргузор мешаванд, мубориза мебарад.

Раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 30 март бо тасмими худ ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишварро ба истеъфо фиристод. Ба ин тартиб, Мубин Эргашев - иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаб - ҳамроҳ бо ёваронаш (Роман Пилипчук, Аслиддин Ҳабибуллоев ва Никола Лазаревич) "бино ба натиҷаҳои ғайриқаноатбахши мунтахаби миллии Тоҷикистон" дар марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон – 2018 аз вазифаашон барканор шуданд. ​

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои Ҷоми Осиё - 2019 ситоди нави мураббиён омода хоҳад кард. Номи сармураббии нави мунтахаби кишвар ба зудӣ эълон мешавад, ки баъдан ӯ ёваронашро интихоб менамояд.

Мубин Эргашев тобистони соли гузашта иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуда буд. Эргашев дар ин вазифа Мӯҳсин Муҳаммадиевро иваз кард, баъд аз нокомии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз вазифааш истеъфо дод.

Имрӯз, 7 апрел, мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2016 бо бозии «Истиқлол» ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров оғоз меёбад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 16:00 шурӯъ мешавад. Қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мубин Эргашев ба майдон меояд.

XS
SM
MD
LG