Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи олии Тоҷикистон аризаи шикоятии Фирӯз Табаров - писари Исҳоқ Табаровро, ки барои "зархаридӣ" ва "даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон" ба 13,5 сол маҳкум ба зиндон шуда буд, баррасӣ кард ва ҳукми додгоҳи ноҳияи Ваҳдатро дуруст шуморид.

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеъ ва падари Фирӯз Табаров рӯзи 7 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи олӣ рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта аризаи шикоятии онҳо дар нисбати ҳукми додгоҳи ноҳияи Ваҳдатро, ки фарзандашро ба сендаҳуним сол маҳкум кардааст,баррасӣ намуд ва ин ҳукмро бетағйир гузошт. Вай гуфт, мурофиа таҳти раёсати додраси додгоҳи олӣ Саид Абдулхайров сурат гирифт.

Фирӯз Табарови 27-сола авоили соли ҷорӣ аз сӯи додгоҳи ноҳияи Ваҳдат барои "зархаридӣ" ва "даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон", ба зиндон маҳкум шуда буд. Исҳоқ Табаров гуфт, ҳамаи далелҳо дар нисбати бепоя будани айбнома дар нисбати фарзандашро ироа кардааст, вале додгоҳ онро ба эътибор нагирифт ва ҳамин тавр ҳукми додгоҳи Ваҳдат бетағйир богқӣ монд.

Ин дар ҳолест, ки парвандаи Далер Табаров -- фарзанди дуввуми Исҳоқ Табаров бо ҷурми “хабар надодан дар бораи ҷиноят” дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар дасти баррасӣ қарор дорад. Далер Табаров бо моддаи 347-и Кодекси ҷиноӣ, яъне,“хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин, ҳамчунин хабар надодан дар бораи шахси маълуми содирнамудаи ин ҷиноят ё бошишгоҳи ў”, айбдор шудааст. Исҳоқ Табаров мегӯяд, додгоҳи парвандаи фарзанди дуввумашро дар рӯзҳои наздик ба анҷом хоҳад расонид.

XS
SM
MD
LG