Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50 ҳазор рубли пойгоҳи Русия ба хонаводаи Шоира


Акси Шоира Ҷобирова
Акси Шоира Ҷобирова

Мақомоти пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба хонаводаи Шоира Ҷобирова, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, 50 ҳазор рубл кумак кардаанд. Дар ин бора 6 апрел Наврӯз Султонов, яке аз хешовандони Шоира Ҷобирова ба Озодӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, “мақомоти пойгоҳ гуфтанд, ки ин маблағ танҳо ба хотири кумак аст. Чунки дар вақти хоксупории Шоира харҷу сарф шудааст ва ин метавонад як ёрӣ бошад”. Наврӯз Султонов гуфт, аммо ин ёрии пойгоҳ ба тақрибан як миллион рубл ҷаримаи Иван Шербаков, афсари пойгогҳи 201-ум дахл надорад.

Иван Шербаков, афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли Шоира Ҷобирова муттаҳам дониста мешавад, баъд аз ташхиси пурраи вазъи рӯҳиаш аз Екатеринбург ба Душанбе оварда шудааст. Мақомоти тафтишотии пойгоҳи Русия гуфтанд, ки акнун таҳқиқи парвандаи Шербаков дубора шурӯъ шудааст.

Додгоҳи рақами 109-и пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон нисбат ба Иван Шербаков бар асоси моддаи 105, қисми 1-и қонуни ҷиноии Русия - "куштори барқасдона" - айби пешакӣ эълон кардааст. Ташхиси вазъи равонии Иван Шербаков тақрибан панҷ моҳ идома кард ва беморхонаи рӯҳии Екатеринбург вазъи ӯро мусбат баҳо дода, зикр кардааст, ки Шербаков мушкили равонӣ надорад.

XS
SM
MD
LG