Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи вазири собиқи тандурустии Тоҷикистон


Аламхон Аҳмадов
Аламхон Аҳмадов

Профессор Аламхон Аҳмадов, вазири пешини тандурустии Тоҷикистон, дар як садамаи нақлиётӣ ҳамроҳи писараш шадидан маҷрӯҳ шуда, дар беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло бистарӣ гардидааст. Тавре аз идораи Бозрасии давлатии автомобилии пойтахт рӯзи 6 апрел ба Озодӣ гуфтанд, Аламхон Аҳмадов се рӯз қабл, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди назди “Наврӯзгоҳ”, дучори садама шудааст.

Як пизишки шуъбаи эҳёгарии Қарияи Боло гуфт, ки Аламхон Аҳмадов аз қисмати сараш осеби сахт дида ва дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурда шудааст. Ӯ гуфт, ҳоло Аламхон Аҳмадов ба худ омада ва барои идомаи табобат ба корпуси 4-уми ҳамин бемористонинтиқол ёфтааст.

Аламхон Аҳмадов баъди барканор шуданаш аз вазифаи вазири тандурустии Тоҷикистон ректори Пажуҳишгоҳи баъдидипломии мутахасиссони тибби назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон буд. Муаалифи беш аз 300 рисолаи илмӣ ва китобҳои дарсӣ буда, таҳти раёсати ӯ 11 барномаи миллии ҳифзи тандурустии Тоҷикистон таҳия шудааст.

XS
SM
MD
LG