Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати ҳуқуқии Панама Mossack Fonseca рӯзи 6 апрел изҳор намуд, ки мавриди ҳамлаи кибернетикӣ қарор гирифтааст. Раиси ширкат Рамон Фонсека гуфт, ки дар ин бора ду рӯз пеш ба додситонӣ шикоят карда буд. Фонсека афзуд, далелҳое мавҷуданд, ки ҳакерҳо аз Аврупо ба ширкат ҳамла кардаанд. Аз тафсилоти бештар дар ин бора ӯ худдорӣ намуд.

Маркази гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ (OCCRP) дар якҷоягӣ бо Консорсиуми байналмилалии рӯзноманигорони пажӯҳишгар (ICIJ) матолиби бузургеро дар бораи фасод дар мақомоти олии Русия, Озарбойҷон, Украина, Сербия, Исландия, Бритониё ва кишварҳои дигар чоп карданд.

Дар “Авроқи Панама”, аз ҷумла, гап сари ҳолдингҳои офшорие меравад, ки ба 12 раисиҷумҳури феълӣ ё собиқ тааллуқ доранд. Дар он созишҳои пинҳонии офшории 128 сиёсатмадор, афроди маъруфи кишварҳои гуногун ва ҷинояткорон ҳам ошкор карда шудаанд.

Як бахши “Авроқи Панама” дар бораи афроди наздик ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аст, ки онҳо тавассути бонки "Россия" ва ширкатҳои оффшории Панама беш аз 2 миллиард долларро "обу лой" кардаанд.

XS
SM
MD
LG