Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озарбойҷон ва ҷудохоҳони арманӣ дар Қарабоғи кӯҳӣ, як минтақаи воқеъ дар Қафқоз, изҳор намуданд, оташбаси рӯзи 5 апрел эълоншуда дар маҷмӯъ риоя мешавад. Шоми сешанбе дар хатти бархӯрд ҷонибҳо оташбасро риоя мекарданд, омадааст дар изҳороти ҷудоихоҳони Қарабоғи кӯҳӣ, ки рӯзи 6 апрел пахш шуд.

Вазорати дифои Озарбойҷон ҳам рӯзи 6 апрел эълон дошт, ки авзоъ дар хатти ҷабҳа ором буд. "Нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон созиш миёни ҷонибҳо дар бораи қатъи амалиёти низомӣ дар хатти бархӯрд аз 5 апрелро комилан риоя мекунанд", гуфта шудааст дар ин изҳорот.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории РИА Новости рӯзи 6 апрел аз қавли низомиёни баландпояи озарӣ навишт, тайи шабонарӯзи гузашта ҷудоихоҳоне, ки аз сӯи Арманистон пуштибонӣ мешаванд, 115 бор оташбасро нақз кардаанд.

Низоъ дар Қарабоғи кӯҳӣ шаби шанбе, 2 апрел, аз сар гирифта шуд. Артиши мудофиаи Қарабоғи Кӯҳӣ 6 апрел изҳор намуд, ки дар чанд рӯзи даргириҳо 29 нафар аз сарбозонаш кушта ва 101 нафари дигарашон маҷрӯҳ шуданд. Панҷ сокини осоишта ва шаш ихтиёрӣ ҳам ҷон бохта, 26 нафар беному нишон шудаанд. Дар набардҳо 14 тонки ҷудоихоҳон нобуд карда шудааст.

Вазорати дифои Озарбойҷон аз кушта шудани 31 афсару сарбози кишвар хабар дод. Аз оғози даргириҳо фақат як тонки нерӯҳои кишвар нобуд карда шудааст, гуфтаанд низомиёни озарӣ.

Кишварҳои ғарбӣ, Русия ва Эрон аз ҷонибҳои даргир хостанд, ки аз сабурӣ кор бигиранд ва аз амиқрафти низоъ ҷилавгирӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG