Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон "дрон"-ҳоро зери назорат мегирад


Мансур Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон

Мансур Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон

Тоҷикистон аз ин ба баъд воридоту содирот ва хариду фурӯши ҳавопаймоҳои бесарнишин, аз ҷумла "дрон" ё "квадракоптер"-ҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор хоҳад дод. Дар ин бора Мансур Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 6 апрел дар ҷаласаи парлумон хабар дод.

Ӯ ҳангоми баррасии Кодекси фазои ҳавоии Тоҷикистон гуфт, ки ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир гирифта шудааст. Ба қавли Умаров, аз ин ба баъд ворид кардани "дрон" ё "квадракоптер"-ҳо, ки дар сабти тӯю клипҳо истифода мешаванд, низ бо иҷозаи махсус сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG