Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зангина: Эрон тавлиди нафтро меафзояд


Бежан Номдор Зангина
Бежан Номдор Зангина

Вазири нафти Эрон Бежан Номдор Зангина Эрон рӯзи 6 апрел ба телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки кишвар тавлиди нафтро то миқёси қабл аз таҳримҳои байнулмилалӣ афзоиш хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, содироти нафт то моҳи марти соли 2017 ба 2 миллиону 250 ҳазор бушка дар як рӯз хоҳад расид. Содироти ин ашёи хом ҳамин моҳ ба 2 миллион бушка дар як рӯз расид, афзуд Бежан Номдор Зангина.

Бар асари таҳримҳои байнулмилалӣ, ки чаҳор сол пеш ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон ҷорӣ карданд, тавлиди нафт дар кишвар аз 2,5 миллион бушка то 1 миллион бушка дар як рӯз коҳиш ёфт. Таҳримот алайҳи Эрон миёнаҳои моҳи январи соли равон лағв шуданд ва кишвар ба бозори ҷаҳонии нафт баргашт.

Изҳороти Бежан Номдор Зангина дар ҳоле пахш шуд, ки рӯзи 17 апрел дар нишасте дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар мавзӯи кам кардани истихроҷи нафт ба хотири ҷилавгирӣ аз пойинрафти қимати он баррасӣ хоҳад шуд. Эрон ба коҳиши истихроҷи нафт розӣ нест. Бежан Зангина ширкаташ дар нишасти Доҳаро расман тайид накардааст.

XS
SM
MD
LG