Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон


Мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 7 апрел оғоз меёбад.

Мусобиқаи 25-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи панҷшанбеи 7-уми апрел бо бозии «Истиқлол»-и Душанбе - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров шурӯъ мешавад. Ин бозӣ дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барпо мегардад.

Алишер Урунов, менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, рӯзи 6 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мусобиқаи имсола бо ширкати даҳ даста дар ду давра барпо мегардад.

“Дар мусобиқаи имсола ба нӯҳ даста - «Истиқлол», ССКА «Помир», «Барқчӣ» (ҳарсе аз Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хайр» (Ваҳдат), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – ғолиби сабқати соли гузаштаи лигаи аввал - «Ҳосилот»-и Фархор – ҳамроҳ мешавад. Вале дастаи «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) ба иллати вазъи мушкили молӣ аз ширкат дар мусобиқаи имсола даст кашидааст. Бояд гуфт, ки дастаи «Барқи тоҷик» дар мавсими нав бо номи “Барқчӣ” бозӣ мекунад”, - иброз дошт Алишер Урунов.

Бар асоси қуръакашии бозиҳои мусобиқоти имсола дар даври аввал рӯзи 7 апрел «Истиқлол» бо «Парвоз», 9 апрел «Регар-ТадАЗ» бо ССКА «Помир», «Хуҷанд» бо «Вахш», 10 апрел «Хайр» бо «Равшан» ва «Ҳосилот» бо «Барқчӣ» рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи соли гузашта бо пирӯзии дастаи "Истиқлол" анҷом ёфта буд. Футболбозони Душанбе барои бори чаҳорум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тило сарфароз гаштанд. Дастаи “Хуҷанд”, ки ҷойи дувумро касб кард, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Равшан” гардида буд.

Дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқаи 25-уми қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2016:

«Истиқлол» (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

«Равшан» (Кӯлоб)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Хайр» (Ваҳдат)

ССКА «Помир» (Душанбе)

“Барқчӣ” (Душанбе)

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

“Ҳосилот” (Фархор)

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

7 апрел (панҷшанбе)

«Истиқлол» - «Парвоз»

9 апрел (шанбе)

«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир»

«Хуҷанд» – «Вахш»

10 апрел (якшанбе)

«Хайр» – «Равшан»

«Ҳосилот» – «Барқчӣ»

Оғози бозиҳосоати 16:00

XS
SM
MD
LG