Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, қарзи 865 миллиондолларии Ӯзбакистонро бахшидааст.

Ин қарз дар солҳои 1992-1993 ба ихтиёри Узбакистон дода шуда ва то имрӯз фоизҳои он 388 миллион долларро ташкил додаст.

Ба навбати худ Узбакистон аз саҳми худ аз Фонди алмоси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даст мекашад. Ҳамчунин, дар муддати як моҳи оянда Узбакистон бояд ба Маскав 25 миллион доллар диҳад.

Қаблан, Шӯрои Федератсияи Русия созишномаи байнидавлатӣ миёни Тошканд ва Маскавро дар бораи танзими даъвоҳои молии тарафайнро баррасӣ ва тасвиб карда буд.

XS
SM
MD
LG