Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризоияти Озарбойҷон ва ҷудоихоҳон ба оташбас


Озарбойҷон ва Арманистон, ки аз ҷудоихоҳон дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ ҷонибдорӣ мекунад, ба оташбас розӣ шудаанд. 5 апрел вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки ҷониби онҳо ба оташбас ризоят додааст ва аз нисфирӯзии 5 апрел аз соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ ин оташбас эътибор пайдо мекунад.

Вазорати дифоъ дар эъломияи худ гуфтааст, ки амалиёти ҷангӣ аз ҳар ду тараф “боздошта шудааст”. Мақомоти Қарабоғи Кӯҳистонӣ низ созиши оташбасро таъйид кардаанд.

Ин оташбас баъд аз чаҳор рӯзи даргириҳои шадид дар ин минтақаи кӯҳистонии Қафқоз ба даст омад. Дар давоми 4 рӯзи даргириҳо шумораи кушташудагон аз 40 нафар гузаштааст. Баъзе сарчашмаҳо ин шумораро 64 нафар нишон медиҳанд.

Даргириҳои ахир шаби 2 ба 3 апрел бо ҳимояти тонкҳову тӯпҳо ва чархболҳои ҷангӣ оғоз ёфта буд. Даргириҳо аслан дар хати “муқаддами ҷабҳа” ё хате, ки ҳар ду ҷонибро аз ҳам ҷудо мекунад, сурат гирфт.

Дипломатҳо аз гурӯҳи мавсум ба “гурӯҳи Минск”, яъне аз Русияву Амрико ва Фаронса, ки дар ин муноқиша миёнравӣ мекунанд, то ҳол мунтазиранд, ки то охири рӯзи 5 апрел дар Вена музокиротро роҷеъ ба ин муноқиша оғоз кунанд.

XS
SM
MD
LG