Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи 5-баллӣ дар марзи Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 5 апрел дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон як заминларзаи панҷбаллӣ рух додааст. Хадамоти геофизикии Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, заминларза соати 17:12 ба вақти Душанбе рух дода, марказаш дар 136-километрии шимолуғарби Душанбе, дар қаламрави Узбакистони ҳамсоя будааст. Дар бораи кадом хисороте дар натиҷаи ин офати табиӣ ҳанӯз гузориш нашудааст.

XS
SM
MD
LG